Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Телеграм дар Русия 15 милион рубл ҷарима пардохт


Телеграм ба пок накардани як иттилои мамнӯъ дар Русия муттаҳам шудааст.
Телеграм ба пок накардани як иттилои мамнӯъ дар Русия муттаҳам шудааст.

Шабакаи Телеграм дар робита ба 6 парвандаи ҷиноятӣ дар Русия ҷарима баста шуд.

Дар ин бора оҷонсии “Интерфакс” бо такя ба Хадамоти федеролии судиҷрочиён хабар додааст. Бо қарори додгоҳи Таган, шабакаи Телеграм бинобар пок накардани як иттилои мамнӯъ дар Русия аз мессенҷераш, бояд 15 миллион рубл ҷарима месупорид.

Моҳи октябр Роскомнадзор, ниҳоди назораткунанда бар фаъолияти расонаҳо дар Русия, хабар дод, ки дар 9 моҳи соли 2021 427 ҳазор матлаби дорои муҳтавои мамнуъ дар шабакаҳои иҷтимоӣ баста шудааст. Ин бори аввал нест, ки Русия шабакаҳои иҷтимоии хориҷӣ мисли, Google, Facebook ва Twitter-ро бинобар саркашӣ ва пок накардани маводи “ғайриқонунӣ” ҷарима мебандад.

Аввали моҳи апрел шабакаи Twitter -ро бо айни ҳамин сабаб 8,9 миллион рубл ҷарима бастанд. Қабл аз ин, ҳукумати Русия кори ин шабакаи иҷтимоиро дар ин кишвар кунд карда, таҳдид намуданд, ки онро мебанданд. Ҳамчунин Роскомнадзор моҳи май шабакаи "Гугл"-ро таҳдид кард, ки агар матлабҳои дорои муҳтавои "ғайриқонунӣ"-ро пок накунад, дастрасӣ ба ин сайтро маҳдуд хоҳад кард.

Фаъолияти шабакаҳои иҷтимоӣ дар Русия ба сабабҳои гуногун, махсусан қабл аз интихоботи порлумонии ин кишвар мушкилофар шуда, ин ширкатҳо аз амалкарди ҳукумат интиқод кардаанд.

Яке аз охирин иттиҳоми ҳукумат ба зидди шабакаҳои иҷтимоӣ ин аст, ки шахсони зери синни қонуниро ба ширкат дар тазоҳурот ба тарафдорӣ аз раҳбари зиндонии мухолифон, Алексей Навалний ташвиқ кардаанд.

Ҳукумати Русия иддао кардааст, ки ҳадаф аз ҷорӣ кардани назорати сахттар бар шабакаҳои иҷтимоӣ, тақвияти "истиқлол"-и интернет дар кишвар аст. Вале мунтақидон ба ин боваранд, ки ҳукумат бо чунин иқдом ният дорад, дигарандешон ва мухолифонро хомуш кунад.

XS
SM
MD
LG