Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бомбафканҳои Русия фазои Беларусро назорат мекунанд


Tu-22M3 - ҳавопаймои бомбафкани Русия, ки ба номи Туполев гузошта шудааст

Русия рӯзи 18-уми декабр  ду ҳавопаймои тавони нигаҳдошти бомбаҳои атомиро барои назорат бар фазои марзҳои ғарбии Беларус сафарбар кард.

Хабаре, ки аз ҷониби мақомоти Беларус нашр шуд, дар шароите садо дод, ки таниш бо Аврупои Шарқӣ то рафт бештар мешавад. Ду ҳавопаймои бомбафкани навъи Tu-22M3, ки онҳоро ҷангандаҳои Su-30SM-и нирӯҳои ҳавоии Беларус ва Русия ҳамроҳӣ мекарданд, дар фазои Беларус дида шуданд. Дар як моҳи охир бори сеюм аст, ки чунин парвозҳо ташкил мешаванд.

Ин дар ҳолест, ки бо таҷаммӯи нирӯҳои русӣ дар марз бо Украина таниш дар равобити Русия ва Ғарб то рафт бештар мешавад. Равобити Беларус бо Иттиҳоди Аврупо ҳам пур аз мушкил аст ва Брюссел мегӯяд, ки Минск дар сарҳадҳои шарқиаш як бӯҳрони муҳоҷиратро ташкил карда талош мекунад махсус Аврупоро асабонӣ кунад. Мақомот дар Киев аз он нигаронӣ карданд, ки Маскав метавонад хоки Беларусро барои ташкили ҳамла ба хоки Украина истифода кунад.

ИМА ва НАТО ҳушдор доданд, ки дар сурати ҳамлаи Русия ба Украина бо паёмадҳо рӯбарӯ мешавад. Вале дар як мусоҳибааш бо маҷаллаи Spectator рӯзи 18-уми декабр вазири дифои Бритониё Бен Уоллас гуфт, эҳтимоли ин ки НАТО барои ҳимоят аз ҳамлаҳои Русия ба Украина нирӯ фиристад, хеле кам аст. Уоллас гуфт, Украина узви НАТО нест ва гумон аст, ки кадом як кишвари узв барои ба чолиш кашидани Русия ба Украина сарбозашро фиристад. Ӯ афзуд, ки “Украина ҳам инро медонад”.

Уоллас айни замон гуфт, ки Бритониё кӯмакрасонӣ ба Украинаро идома медиҳад, то ки тавони дифоии он пурзӯр шавад ва бори дигар Маскавро ҳушдор дод, ки бо таҳримҳои сахти иқтисодӣ рӯбарӯ мешавад. Дар сурати ҳамла ба Украина, ин таҳримҳо, аз ҷумла, метавонад ба маҳрум шудани Русия аз шабакаи интиқоли пулҳои байналмилалии SWIFT ҳам дахл кунад.

Маскав ва Киев аз соли 2014, замоне, ки Русия нимҷазираи Қримро ишғол карду ба пуштибонии низомиву сиёсӣ ва иқтисодии ҷудоиталабони рӯ ба Русияи воқеъ дар шарқи Украина пардохт, равобити бад доранд. Маскав гуфтааст, ки ҳеҷ дахле дар низои шарқи Украина надорад. Таҳлилгарони ғарбӣ ҳисоб кардаанд, ки дар хати марзи Русия бо Украина 100 ҳазор нирӯ ҷамъ шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG