Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олмон пешниҳоди гуфтугӯи Русия ва Украинаро кард


Вазирони ҳафт кишвари ғарбӣ дар Ливерпул нишаст анҷом доданд.

Вазирони кишварҳои "Гурӯҳи ҳафтгона" наздик шудани низомиёни Русия дар марзҳои Украинаро баҳс карданд.

Анналена Бербок, вазири корҳои хориҷии Олмон гуфт, ки ба хотири коҳиши таниш бояд Украинаву Русия бо ҳам гуфтугӯ кунанд.

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло зарурати гуфтугӯ дар “Формати нормандӣ”, ки Русия, Украина, Олмон ва Фаронса дар он шомиланд, пеш омадааст.

Аз ин пеш, ин мақомдори Олмон бо Энтони Блинкен, вазири умури хориҷии Украина мавзуи агрессияи Русия дар нисбат ба Украинаро баҳс карданд.

ИМА ва дигар кишварҳои ғарбӣ бар ин назаранд, ки Русия қасди ҳамла ба Украинаро дорад ва ба ҳамин хотир ҳазорон низомиашро ҷобаҷо кардааст.

Маскав омодагӣ ба ҳамларо рад мекунад. Ба гуфтаи Владимир Путин, Маскав аз наздик шудани Украина ба НАТО нигарон аст ва мавқеи мудофиавиро гирифтааст.

Солҳост, ки муносибати Русия ва Украина хуб нест. Соли 2014 Русия Қримро ишғол кард ва онро ҳудуди худ эълон намуд. Ин амали Русияро ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳкум кард. Аз он замон то кунун муносибати ду кишвар хуб нест.

XS
SM
MD
LG