Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таниш байни Украинаву Русия авҷ мегирад


Сарбози украинӣ дар бандаи Азов дар шаҳри Мариупол
Сарбози украинӣ дар бандаи Азов дар шаҳри Мариупол

Фармондеҳони Украина мегӯянд, Русия 70 дар сади Баҳри Азов дар атрофи нимҷазираи Қримро бастааст, ки соли 2014 ба қаламраваш ҳамроҳ кард. Неруҳои Баҳрии Украина дар як баёнияи расмӣ дар рӯзи 10-уми декабр гуфт: «Русҳо айни замон дар бораи манъи ҳаракат дар минтақаҳои муайяне огаҳӣ додаанд, ки мумкин аст ба ҳамлаҳои тӯпхона дар наздикии Мариупол, Бердянск ва Ҳеническ робита дошта бошад.»

Русия ин иддаоро рад ва ё тасдиқ накардааст. Таҳаввулоти ахир дар ҳолест, ки Украина даҳҳо ҳазор сарбозашро ба наздикии марз бо Украина ва Қрим сафарбар кардааст. Русия соли 2014 нимҷазираи Қрими Украинаро ғасб ва ба қаламраваш ҳамроҳ кард ва ҳамзамон аз ҷудоиталабон дар ҷанубушарқи Украина кумак мекунад.

Хадамоти Федералии Амнияти Русия ва ё ФСБ рӯзи 9-уми декабр гуфт, ки киштиҳои украинӣ беиҷоза ба самти гулӯгоҳи Керч ҳаракат кардаанд. Украина гуфт, ин иддаоро беасос ва ҳамлаи иттилоотӣ ба Киев номид.

XS
SM
MD
LG