Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садри аъзами нави Олмон дар Лаҳистон масъалаи паноҳҷӯёнро баҳс хоҳад кард


Паноҳҷӯён дар марзи Белорус ва Лаҳистон
Паноҳҷӯён дар марзи Белорус ва Лаҳистон

Олаф Шолтс, садри аъзами Олмон, ки тоза ба ин мақом интихоб шуд, бо Лаҳистон (Полша) бӯҳрони муҳоҷират аз самти Белорусро муҳокима хоҳанд кард.

Ӯ рӯзи 12-уми декабр ба Лаҳистон сафар кард ва қарор аст, бо мақомоти ин кишвар дар мавзуи Русияву Украина ва вуруди паноҳҷӯён аз хоки Беларус ба Авурпоро баҳс кунад.

Олмон аз талошҳои Лаҳистон барои ҷилавгирӣ аз убури даҳҳо ҳазор муҳоҷире, ки дар роҳи Белорус мехоҳанд марзро убур кунанд, пуштибонӣ мекунад. Ин бӯҳрон, ба қавли мақомоти Иттиҳоди Аврупо ва Лаҳистон аз тарафи мақомоти Минск доман зада мешавад.

Садри аъзами нави Олмон сафари худро ба Лаҳистон "дӯстона" арзёбӣ кард, аммо интизор меравад, ки ӯ чанд масъалаи баҳсбарангез, аз ҷумла ислоҳоти додгоҳиро, ки аз тарафи ҳизби "Ҳуқуқ ва адолат"-и Лаҳистон пазируфта шуд ва Иттиҳоди Аврупо онро ғайриқонунӣ донист, баррасӣ кунад.

Нахуствазири Лаҳистон гуфтааст, аз садри аъзами Олмон даъват мекунад, ки ба масъалаи лулаи гази "Ҷараёни шимол 2" мухолифат нишон диҳад, чун ин хати газро эҳтимол Русия алайҳи Аврупо истифода кунад.

XS
SM
MD
LG