Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия мехоҳад бо ИМА бахшҳои мавриди нуфуз дар Аврупоро баррасӣ кунад


Русия рӯйхати хостаҳоеро нашр кард, ки бар асоси он мехоҳад бо Иёлоти Муттаҳида дар заминаи ба куллӣ тағйир додани сохтори вазъи амниятии пас аз ҷанги сард дар Аврупо музокира барпо кунад. Пешниҳодҳое, ки рӯзи 17 декабр аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Русия ба миён гузошта шуд, хатми тавсеаи НАТО ба самти шарқ ва маҳдуд шудани фаъолияти низомии ин паймон дар Аврупои Шарқӣ, аз ҷумла дар Украина ва Гурҷистонро тақозо мекунад. Ин пешниҳодҳо пешрафтҳои назаррарси то ҳол бадастомадаи НАТО дар Аврупои Шарқиро баъди суқути Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 ба қафо меандозад.

Як намояндаи баландмақоми Амрико пешниҳодҳои Маскавро “ғайри қобили қабул” номид. Русия гуфтааст, ки пешниҳодҳои худро дар ин замина ба ИМА фиристода таъкид намудааст, ки танҳо бо Вашингтон мехоҳад ин мавзӯъро барррасӣ кунад. Вашингтон гуфтааст, ки бидуни муттафиқони аврупоиаш вориди ҳеҷ навъ гуфтугӯ бо Маскав нахоҳад шуд. Уилям Кортни, як ширкатдорони музокироти дифоии Амрико ва Иттиҳоди Шӯравӣ дар сӣ соли пеш дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, ки Русия мехоҳад “бахшҳои мавриди нуфуз”-ро баррасӣ кунад ва ин чиз ҳеҷ гоҳ мавриди истиқболи Ғарб ва Аврупо намешавад. Русия ҳоло тахминан 100 ҳазор сарбозашро дар марз бо Украина қарор додааст ва ИМА мегӯяд, ки Маскав барои ишғоли ин қаламравҳо омода мешавад. Русия гуфтааст, ки хости Украина барои қабул шудан ба узвияти НАТО “як хати сурх” мешавад.

XS
SM
MD
LG