Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Ҳар сӯҳбат аз Тоҷмаҳалу Амитабх Бачан...” Дар Ҳинд китоби “Ташаккур, Тоҷикистон” чоп шуд


Соли 2009, таҷлили ҷашни Ҳолии ҳиндӣ
Соли 2009, таҷлили ҷашни Ҳолии ҳиндӣ

Собиқ раиси як маркази фарҳанги Ҳинд дар Тоҷикистон ба нишони сипос аз мардум ва фарҳанги тоҷикистониён китоберо нашр кардааст, ки онро “Ташаккур, Тоҷикистон” ном гузоштааст. Ниранҷана Ванали профессор ва муовини раиси Донишгоҳи Бангалори шимолӣ буда, солҳои 2018-19 давоми 15 моҳ дар Тоҷикистон раҳбарии маркази фарҳангии Ҳиндро ба ӯҳда доштааст.

Пеш аз маросими муаррифии китобаш ӯ ба вебсайти thehindu.com гуфтааст, ки тавассути ин китоб ба мардум ва фарҳанги тоҷикистониён изҳори сипос кардааст, чун хотираҳои беҳтарине аз замони кор дар Душанбе ва ошноӣ бо мардуми маҳаллӣ доштааст. Ниранҷана Ванали гуфтааст, “тавассути ин китоб мехоҳам ба Тоҷикистон ва мардуми хоксораш арзи сипос кунам, ки будубоши маро дар Душанбе ҳаловатбахш гардониданд”. Китоб аз се қисм иборат буда, як бахшаш дар бораи кишвари Тоҷикистон ва мардумаш, қисми дуюм дар бораи маконҳои диданиву ҷаҳонгардии Тоҷикистон ва бахши сеюмаш аз 70 аксҳои манзараву маконҳои ин кишвар иборат мебошад. Китоб аз ҷониби Маркази фарҳангу иртибототи шаҳри Майсури аёлати Карнатакаи Ҳинд чоп шудааст.

Профессор ва нависанда Ниранҷана Ванали мегӯяд, “мардуми тоҷик фарҳангу кишвари Ҳиндро дӯст медоранд. Ҳар тоҷик орзу дорад, ки ҳадди аққал як бор дар умраш Ҳиндро бубинад. Ҳар сӯҳбат дар бораи Тоҷмаҳалу Амитабх Бачан ва занҳои ҳиндуву сарӣ мебошад”, мегӯяд муаллифи китоб. Ӯ мегӯяд, китоби навиштаи ӯ барои мардуми минтақаи Каннада, ки аксарашон дар бораи тоҷикон маълумоти пурра надоранд, иттилои фарогир медиҳад.

Ин китоб, ба навиштаи thehindu.com, ба забони каннарӣ (ё каннадаӣ) чоп шудааст, ки яке аз забонҳои мардуми сокини ҷанубу ғарби Ҳинд буда ба гурӯҳи забонҳои дравидӣ дохил мешавад. Ин забон даҳҳо миллион гӯянда дорад.

Бархе мегӯнд, таваҷҷӯҳи зиёди мардуми тоҷик ба фарҳанги ҳиндӣ аз солҳои шӯравӣ ва филмҳои студияи синамои Болливуди Ҳинд маншаъ мегирад. Солҳои охир бархе ҷавонон ба таҷлили иди рангҳои Ҳолии ҳиндӣ таваҷҷӯҳ зоҳир карданд, вале ин ид, ки ба қавли бархе мақомот "бегонаву ғайримиллӣ" мебошад, чандин бор аз ҷониби ходимони ҳифзи қонун пароканда шудааст.

XS
SM
MD
LG