Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти қирғиз кочоқи сӯзишворӣ ба Тоҷикистонро рад карданд


Марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон
Марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон

Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабари қочоқи маводи сӯхт ба Тоҷикистонро рад кард.

Ба огаҳии Хадамот, видиое, ки дар бораи қочоқи сӯзишворӣ ба Тоҷикистон 14 - уми декабр дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, ҳақиқат надорад ва хабарҳо дар ин бора низ беасос ҳастанд.

Манбаъ афзудааст, мошинҳои ҳомили маводи сӯхт, ки дар навор омадаанд, ба ширкати "Қирғизнафтгаз" тааллуқ дошта, аз вилояти Бодканд ба Ҷалолобод ҳаракат мекарданд.

Баъди муноқишаи марзӣ дар моҳи апрели имсол Қирғизистон сарҳадаш бо Тоҷикистонро якҷониба баст. Пештар гуфта мешуд, ки аз ин кишвар ба Тоҷикистон сӯзишворӣ кочоқ мешавад.

XS
SM
MD
LG