Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бӯҳрон миёни Русия ва Украина аз мавзуи баҳси раҳбарони Иттиҳоди Аврупо аст


Парчами Иттиҳоди Аврупо
Парчами Иттиҳоди Аврупо

Раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо рӯзи 16-уми декабр барои арзёбии масъалаҳои марбут ба Беларус, КОВИД-19, энергетика ва ташаннуҷ дар марзи Украинаву Русия дар шаҳри Брюссел ҷамъ мешаванд.

Нигаронӣ зиёд аст, ки таҷаммӯи нерӯҳои Русия дар марз имкон дорад, ба таҷовуз ба хоки Украина табдил ёбад.

Раҳбарони Иттиҳоди Аврупо аз Русия хостаанд, ки нерӯҳояшро аз марз дур намуда, низои ҳафтсола дар шарқи Украинаро аз роҳи муколамаи дипломатӣ ҳаллу фасл кунад. Дар ҳоли ҳамла ба Украина Иттиҳоди Аврупо таҳдид кардааст, ки ҳамроҳ бо ИМА ва Британия таҳрими нави шадидтаре дар муқобили Русия ҷорӣ хоҳад кард.

Русия ин нигарониҳоро беасос номида, мегӯяд, нақша надорад ба Украина ҳамла кунад. Маскав як идда тақозоҳоро матраҳ кардааст, ки ба узвияти эҳтимолии Украина дар паймони НАТО ва фаъолиятҳои эътилофи кишварҳои ғарбӣ дар марзҳои шарқии Русия иртибот мегиранд.

XS
SM
MD
LG