Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳудуди 400 муҳоҷири кориро ба муҳлати 40 сол аз вуруд ба Русия маҳрум карданд


Муҳоҷирони корӣ дар Русия. Акс аз бойгонӣ.
Муҳоҷирони корӣ дар Русия. Акс аз бойгонӣ.

Дар Маскав наздики 400 муҳоҷирро барои занозаниҳои гуруҳӣ ва дигар гирдиҳамоиҳои ғайриқонунӣ аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум карданд. Дар ин бора Татяна Дмитриева, як масъули мақомоти муҳоҷирати он кишвар иттилоъ дод. "Нисбати ин муҳоҷирон қарори манъи вуруд содир шуд ва онҳо аз ҳаққи вуруд ба Русия барои 40 сол маҳрум шуданд",-гуфт Дмитриева.

Ба гуфтаи вай, дар Маскав 1 млн 33 ҳазор муҳоҷир ҳузур дорад, ки 82 дарсади онҳо соҳиби кор ҳастанд. Асосан инҳо муҳоҷирон аз Узбекистон (31%), Тоҷикистон (26%) ва Қирғизистон (25,4%) ҳастанд.

Моҳи августи соли ҷорӣ шаҳрдори Маскав Сергей Собянин гуфта буд, ки дар моҳҳои охир аз Маскав 200 муҳоҷири меҳнатӣ берун ва нисбати 800 тани дигар парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ба гуфтаи вай, ин ихроҷҳову парвандаҳо баъди занозаниҳои гуруҳӣ боз шудаанд. "Ин гуна намешавад. Мо чунин меҳмононро хуш надорем. Маскав - шаҳри меҳмонпазир ҳаст. Аммо, лутфан, дар меҳмонӣ худро муаддаб нигаҳ доред", - гуфта буд вай.

XS
SM
MD
LG