Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон мансабдорон пули либосу ғизои сарбозонро азхуд кардаанд


Сарбозону афсарони қирғиз. Акс аз бойгонӣ.
Сарбозону афсарони қирғиз. Акс аз бойгонӣ.

Додситонии кулли Қирғизистон 14-уми декабр хабар дод, ки дар Қушунҳои дохилии Вазорати умури дохилии ин кишвар нақшаи бузурги фасодкориро ошкор кардааст.

Ба огаҳии додситонӣ, тафтишот нишон додааст, ки пулҳои ҷудошуда аз буҷаи давлат барои ғизо ва либоси сарбозонро ғайриқонунӣ ба ҳисоби ширкатҳои дастраскунандаи мол гузаронида шудаанд.

Дар маҷмӯъ мансабдорони вазорат 33 миллиону 946 ҳазор сом (390 ҳазор доллар)-ро аз худ кардаанд.

Дар робита ба ин қазия бо бандҳои "Сӯистифода аз мақом", "Қаллобӣ", "Хунукназарӣ" ва "Азхудкунӣ ё исрофкорӣ" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

XS
SM
MD
LG