Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин аз замони таксиронии худ ёд овард


Президенти Русия Владимир Путин
Президенти Русия Владимир Путин

Президенти Русия Владимир Путин фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравиро поёни Русияи бостонӣ номид. Ӯ барои аввалин бор иқрор кард, ки дар давраи буҳрони иқтисодии баъди фурӯпошии Шӯравӣ шабҳангом барои рӯзгузаронӣ таксӣ рондааст.

12-уми декабр телевизиони Русия филми мустанаде дар бораи фуурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ пахш кард. Дар ин филм Путин мегӯяд, бар асари фурӯпошии Шӯравӣ Русия ҳар он чизеро, ки дар тӯли ҳазор сол сохта буд, аз байн рафт. Путин, ки собиқ афсари хадамоти амниятии Шӯравӣ-КГБ мебошад, дар гузашта фурӯпошии Шӯравиро бузургтарин фоҷеаи асри 20 унвон дода буд.

Ҳамчунон дар ин мустанад Путин ба ёд меорад, ки баъзан шабона ба ҳайси ронандаи таксӣ мусофир мекашонд, то дар давраи душвори иқтисодӣ даромаде ба даст орад.

XS
SM
MD
LG