Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар аёлати Кентуккии ИМА бар асари тундбод ҳудуди 100 нафар ҷон бохтанд


Тундбод дар Амрико.
Тундбод дар Амрико.

Тибқи иттилои муқаддамотӣ, дар аёлати Кентуккии ИМА, дар натиҷаи тундбод на камтар аз 100 кас шуда шудааст.

Губернатори Кентуккӣ Эндӣ Бешир гуфт, тундбоди кунунӣ харобиовартарин тундбод дар таърихи аёлат будааст. "Ин харобиҳо ба ҳеч чизи дигаре, ки ман дар зиндагиам дидаам, шабоҳат надоранд. Эҳтимол аст, ки инҷо бештар аз 100 кас ҷон бохтааст", - гуфт Бешир.

Дар аёлати Иллинойс, ҳамсоягии Кентуккӣ, боми анбори ширкати Amazon тахриб шудааст.

Дар аёлати Тенниссӣ низ се кас ҷон бохтааст. Ҷо Байден, президенти ИМА рӯзи шанбе гуфт, дар аёлати Кентуккӣ ҳолати фавқулода ҷорӣ карда шавад.

XS
SM
MD
LG