Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Австрия алайҳи ваксингирии маҷбурӣ эътироз карданд


Эътирози даҳҳо нафар дар Австрия.
Эътирози даҳҳо нафар дар Австрия.

Бештар аз 40 ҳазор нафар дар Вена, пойтахти Австрия алайҳи ваксингирии маҷбурӣ ва дигар маҳдудиятҳо ба хотири ҷилавгирӣ аз афзоиши гирифторони КОВИД-19 эътироз карданд. Эътироз дар дигар шаҳрҳои ин кишвар низ баргузор шуд.

Эътирозгарон ваксингирии маҷбуриро, ки аз моҳи феврали соли оянда ҷорӣ хоҳад шуд, хилофи арзишҳои инсонӣ унвон карданд. Онҳо аз он норизоянд, ки маҳдудиятҳо нисбат ба афроде, ки ваксина нагирифтаанд, сахттар шудааст.

Дар Австрия сар аз 22-уми ноябр пас аз афзоиши гирифторони коронавирус маҳдудяит ҷорӣ карданд.

Ба ҷуз ин, аз моҳи феврали соли оянда гирифтани ваксинаи зидди КОВИД-19 дар ин кишвар ҳатмӣ мешавад ва онҳое, ки ваксина намегиранд, 3600 евро ҷарима хоҳад шуд.

Ин қарор боиси эътирози сокинони ин кишвари аврупоӣ шуд.

XS
SM
MD
LG