Донишмандони Африқои Ҷанубӣ мегӯянд, ҳеч аломате надидаанд, ки нишон бидиҳад, навъи нави коронавирус бо номи Омикрон бемории сахти COVID-19 бармеангезад. Ин навъи тағйирёфтаи вирусро ду ҳафта пеш дар ҳамин кишвар пайдо карданд.
Ҳарчанд донишмандон мегӯянд, барои маълум кардани хатарнокии вирус вақти зиёдтаре лозим аст, вале Ҷо Фаҳла, вазири тандурустии Африқои Ҷанубӣ рӯзи 10-уми декабр гуфт, аломатҳо нишон додаанд, ки вирус агарчӣ зуд сироят мекунад, вале маргу мир аз он камтар аст ва беморони бистарӣ дар шифохонаҳо зиёд намемонанд.
Пажуҳишгоҳи Миллии Бемориҳои Сироятӣ дар Африқои Ҷанубӣ гуфтааст, бо вуҷуди сирояти коронавирус ба 20 ҳазор нафар дар як рӯз дар ин кишвар рӯзона фақат 20 нафар аз бемории COVID-19 мефавтидааст.
Дар Африқои Ҷанубӣ фақат 38 дар сади мардуми калонсол ҳарду ваксина ба зидди бемориро гирифтаанд, ки камтар аз ҳадафи пешгузоштаи давлат аст. Бино ба гузоришҳо, вируси Омикрон то кунун дар 50 кишвар паҳн шудааст.