Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон хонаводаи гумонбар ба таҷовузи ноболиғ деҳаро тарк карданд


Хонаводаи марде, ки дар деҳаи Исмоили ноҳияи Сокулуки Қирғизистон ба таҷовузи як ноболиғ айбдор мешуд, деҳаро тарк кардаанд. Вакили маҷлиси маҳаллии Сокулук Мирбек Суйуналиев гуфт, хонаводаи гумонбар 7-8 декабр деҳаро тарк карданд, вале феълан маълум нест, онҳо ба куҷо рафтаанд.

Додситони Сокулук Орозбек Бердибоев хабар дод, ки хонаводаи гумонбар ба далели амниятӣ барои зиндагии муваққат ба шаҳри Бишкек кӯчидааст. Ба гуфтаи додситон, ин хонавода ҳоло таҳти назорати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор доранд.

Як сокини деҳаи Исмоил 5 декабр ба пулис муроҷиат карда, гуфтааст, духтари ноболиғи ӯро таҷовуз кардаанд. Пулис дар робита ба ин ҳодиса сокини деҳаи мазкур К.Н., соли таваллудаш 1990-ро дастгир кард.

Худи он рӯз ҳудуди 50 нафар дар назди идораи пулиси Сокулук ҷамъ шуда, муҷозот шудани гумонбарро талаб карданд. Маъмурони пулис ба ҷамъшудаҳо гуфтанд, ҳодиса беғаразона таҳқиқ мешавад.

XS
SM
MD
LG