Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабти даҳҳо мавриди якҷоя кор кардани хешовандон дар Тоҷикистон


Мақомоти расмии Тоҷикистон гуфтаанд, имсол даҳҳо мавриди ба кор гирифтани хешу таборро дар чандин идора сабт кардаанд.

Шодком Турсунзода, сухангӯи Оҷонси мубориза бо коррупсия, рӯзи 9-уми декабр ба хабаргузории давлатии “Ховар” гуфтааст, дар 10 моҳи гузашта дар саросари кишвар 99 мавриди ба кор гирифтани хешу табор дар идораҳоро сабт кардаанд.

Дар Тоҷикистон як раис бар асоси қонун ҳақ надорад, писари амак, хоҳар ё бародарашро ба кор бигирад, вале шикоят зиёд аст, ки дар идораҳои давлатии Тоҷикистон бар асоси садоқат, маҳал ва хешутаборӣ ба кор мегиранд.

Шодком Турсунзода ҳамчунин гуфтааст, дар 10 моҳи гузашта бештар аз 1800 мавриди ришвахорӣ, тақаллуби молӣ ва ҷиноятҳои дигари коррупсиониро ошкор кардаанд, ки тақрибан 800-тои онро ҷиноятҳои вазнин ташкил медиҳанд.

XS
SM
MD
LG