Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамоҳангсози фурудгоҳи Минск гуфт, нишасти изтирории Ryanair амалиёти амниятиҳои Белорус буд


Ҳамоҳангсоз ё "диспетчер"-и фурудгоҳи Мински Белорус Олег Галегов гуфт, фурудории изтирории ҳавопаймои ҳомили мухолифи ҳукумати Белорус Роман Протасевич кори дасти Кумитаи давлатии амнияти Белорус буд. Дар ин бора "The New York Times" хабар медиҳад.

Ба иттилои манобеи нашрия дар мақомоти махсуси Аврупо, Галегов ҳанӯз тобистони имсол марзи Белорус бо Лаҳистонро ғайриқонунӣ убур кардааст. Галегов ба мақомоти Лаҳистон нақл кардааст, ки ҳавопаймои ҳомили Протасевичро дар натиҷаи амалиёти Кумитаи давлатии амнияти Белорус фуруд овардаанд. Ба гуфтаи вай, ҳангоми ин ҳодиса корманди КДА Белорус хадамоти ҳамоҳангсозӣ ё авиадиспетчерро таҳти назорат гирифта буд.

Ба иттлои The New York Times, Галегов айни замон Лаҳистонро тарк карда, макони будубошаш маълум нест.

Рӯзи 23-уми майи соли ҷорӣ мақомоти Беларус як ҳавопаймои низомиро барои дар фурудгоҳи Минск фуруд овардани ҳавопаймои мусофирбари Ryanair, ки аз ҳарими ҳавоии Белорус мегузашт сафарбар карданд. Бисёре аз кишварҳо ин кирдори Минскро "ҳавопайморабоии давлатӣ" унвон карданд. Пас аз фуруд омадани ҳавопаймо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Протасевич - блогери мухолифин ва дӯстдухтари русаш Софеа Сапегаро боздошт карданд.

Иттиҳоди Аврупо дар посух ба ин ҳодиса рӯзи 24-уми июн алайҳи бахшҳои калидии иқтисоди Беларус ва сарчашмаҳои асосии даромади режими худкомаи Александр Лукашенко, аз ҷумла содироти нӯриҳои калий, саноати тамоку, нафт ва маҳсулоти нафту кимиё таҳрим ҷорӣ кард.

Режими Лукашенко пас аз саркӯби бераҳмонаи мухолифони сиёсӣ ва расонаҳои мустақил пас аз интихоботи баҳсбарангез дар моҳи августи соли 2020, таҳти фишори байналмилалӣ қарор дошт. Эътирозгарон гуфтаанд, ки интихобот тақаллуб шудааст, дар ҳоле ки ИА, ИМА ва дигар кишварҳо эътирофи натиҷаҳои расмии интихоботро напазируфтанд ва Лукашенкоро раҳбари қонунии кишвар намешуморанд.

XS
SM
MD
LG