Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаронса яке аз гумонбарон дар куштори Ҷамол Хошуқчиро боздошт кард


Ҷамол Хошуқҷӣ.
Ҷамол Хошуқҷӣ.

Пулиси Фаронса яке аз гумонбарон дар куштори рӯзноманигори мухолифи саудӣ Ҷамол Хошуқчиро боздошт кард. Холид ал-Утайбӣ рӯзи сешанбе дар фурудгоҳи "Шарл-де-Голл" дастгир шудааст.

Бино ба иттилои Бӣ-БӢ-Сӣ, Ал-Утайбӣ яке аз 26 шаҳрванди Арабистони Саудӣ аст, ки аз сӯи Туркия бо гумони даст доштан дар куштори рӯзноманигор ҷустуҷӯ мешаванд. Холид Ал-Утайбӣ, низомии 33-солаи Горди шоҳигарӣ бо ному насаби худ вориди Фаронса шуда, ҳоло дар боздоштгоҳ қарор дорад.

Сутуннависи нашрияи "The Washington Post" Ҷамол Хошуқчӣ моҳи октябри соли 2018 дар консулгарии Арабистони Саудӣ дар шаҳри Истамбул кушта шуд. Баъди куштор ҷасади Хошуқчиро реза ва аз консулгарӣ берун бурданд. То кунун пораҳои ҷасади ӯ пайдо нашудааст.

Хошуқчӣ сиёсатҳои Риёз ва ба вижа валиаҳди кишвар Муҳаммад бин Салмонро танқид мекард. Яке аз гумонбарони асосии қатли рӯзноманигор мушовири пешини валиаҳд дониста мешавад.

Созмонҳои байналхалқӣ гуфтанд, мурофиаи додгоҳии парвандаи қатли Хошуқчӣ, ки пушти дарҳои баста сурат мегирад, ба талаботи меъёрҳои байналхалқӣ посухгӯ нест. Моҳи декабри соли гузашта панҷ тан аз айбдоршавандагони куштори рӯзноманигор ба ҳукми қатл ва се тани дигар ба зиндон маҳкум шуданд.

Охири моҳи март Туркия 20 танро дар куштори Хошуқчӣ айбдор кард. Бисёре аз айбдоршавандаҳоро зиндони якумрӣ таҳдид мекунад.

XS
SM
MD
LG