Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду сокини Турсунзодаро барои ҷинояти 24 сол пеш зиндон карданд


Даромадгоҳи шаҳри Турсунзода.
Даромадгоҳи шаҳри Турсунзода.

Додгоҳи шаҳри Турсунзода, ду нафарро барои ҷиноятҳояшон дар замони ҷанги дохилӣ ба 15-солии зиндон маҳкум кардааст.

Додситонии кулл рӯзи 6-уми декабр бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, ки Исмоил Самиев ва Рамазон Мурадов, ки узви гуруҳи муташаккили ҷиноие будаанд, дар давоми солҳои 1996-1998 бо силоҳҳои гуногун мусаллаҳ шуда ва ҷиноятҳои махсусан вазнине ба мисли бандитизм, роҳзанӣ ва куштор содир кардаанд.

Назари адвокат ва пайвандони ин ду нафар маълум нест. Боздошти афроде, ки дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ҷиноят содир кардаанд, чанд сол боз идома дорад. Мунтақидон мегӯянд, бо гузашти солҳо, мақомот аксаран ҷинояти ин афродро собит карда наметавонанд ва танҳо бар асоси шоҳидии ин ё он нафар боздошт мешаванд. Дар гузашта боздошти мухолифини собиқ низ бо чунин иттиҳом расонаӣ шуда буд, ки онро пайвандонашон як навъ қасосгирӣ унвон карда буданд.

Маъмулан, дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ду тарафи даргир бо ҳам мусаллаҳ буданд.

Додситонӣ дар ин хабарномааш нагуфтааст, ки ин ду нафар ба кадом тарафи ҷанги дохилӣ таалуқ доштанд, вале навиштааст, ки онҳо 14 августи соли 1997 ба хонаи Чупонқул Ашӯров ва Валиҷон Ашӯров, сокинони деҳаи Кирови шаҳри Турсунзода ворид шуда, аз модари онҳо бо таҳдиди силоҳ 1200 доллари амрикоӣ ва 700 ҳазор рубли русӣ гирифта ва сипас ҳарду бародарро золимона кушта ва аз ҷойи ҳодиса ҳодиса ғайб задаанд.

Додситонӣ гуфтааст, ки Додгоҳи Турсунзода, Исмоил Самиев ва Рамазон Муродовро барои ин ҷиноятҳо ба 15 соли адои зиндон дар маҳбаси низомаш сахт маҳкум кард.

Ҷанги дохилии Тоҷикистон аз соли 1992 то соли 1997 идома кард ва дар он замон ҳазорон қатлу куштор ва дуздиву ғоратгарӣ сурат гирифтааст. Таҳқиқи парвандаҳои он замон то кунун идома доранд.

XS
SM
MD
LG