Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳашт шаҳрванди Тоҷикистон барои ҳамлаи мусаллаҳона дар Русия зиндонӣ шуданд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Додгоҳе дар вилояти Москваи Русия 8 шаҳрванди Тоҷикистонро ба муҳлати аз 8,5 то 16 сол аз озодӣ маҳрум кард. Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо истинод ба додситонии вилояти Москва хабар додааст. Ному насаби маҳкумшудаҳо оварда нашудааст.

"Додгоҳ муайян кард, ки шаш нафари гумонбарон узви гуруҳи мусаллаҳе буданд, ки ба хонаҳои соҳибкорон дар шаҳр ва вилояти Москва ҳамла мекарданд. Онҳо аз хонаҳо пул, ашёи гаронарзиш ва силоҳ медуздиданд. Ҳаҷми умумии хисорот ба беш аз 11,5 млн рубл мерасад", - омадааст дар иттилоияи додситонӣ.

Додгоҳи Русия моҳи майи имсол низ панҷ шаҳрванди Тоҷикистонро бо гуноҳи омодагӣ ба ҳамла ба Ситоди низомии ГРУ, Хадамоти иктишофии ин кишвар, аз 9 то 17 сол зиндон маҳкум карда буд. Нашрияи "Коммерсант" бо такя ба манобеи худ навишт, шахсони маҳкумшуда узви гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" будаанд.​

Вале хабаргузории "Интерфакс" иттилоъ дод, ки онҳо гуноҳро напазируфтанд ва яке аз маҳкумшудаҳо ҳангоми мурофиа фарёд зада, гуфтааст, парванда сохта аст ва онҳоро туҳмат карданд.

Мақомоти Русия гуфтанд, ки ин панҷ нафар ҳанӯз соли 2018 боздошт шуда буданд. Чор шаҳрванди дигари Тоҷикистон ҳамон сол бо айни чунин иттиҳом зиндонӣ шуданд. Онҳо низ парвандаашонро сохта унвон карда буданд. Коршиносон низ ба боздошти муҳоҷирони тоҷик бо иттиҳоми терроризм дар Русия ҳамеша бо шубҳа менигаранд.

XS
SM
MD
LG