Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кишварҳои ғарбӣ қатли низомиёни собиқ аз ҷониби Толибонро маҳкум карданд


Ҷангиёни Толибон дар вилояти Ҳироти Афғонистон.
Ҷангиёни Толибон дар вилояти Ҳироти Афғонистон.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва шарикони ғарибиаш қатли низомиёни собиқи афғон ба дасти Толибонро рафтори ваҳшиёна номиданд ва маҳкум карданд.

Дидбони ҳуқуқи башар ҳафтаи гузашта гузориш дод, ки дар 34 вилояти Афғонистон дар се моҳи ахир беш аз 100 низомии собиқи афғонистонӣ ба дасти Толибон кушта шудааст.

Дар баёнияе рӯзи 4-уми декабр ИМА, Иттиҳоди Аврупо ва 20 кишвари дигар қатли низомиёни собиқи афғонистониро маҳкум карданд. Дар баёния гуфта мешавад, ки Толибон ба аҳди худ барои афви умумӣ амал намекунанд.

Толибон нимаи моҳи август Кобулро тасарруф карданд ва ваъда доданд, ки низомиёни собиқро афв мекунанд. Бар асоси ёфтаҳои Дидбони ҳуқукқи башар ин гуруҳ ба ваъдаи худ амал намекунад.

Бо гузашти беш аз се моҳ ҳанӯз ҳукумати гуруҳи Толибонро ҳеҷ кишваре ба расмият нашинохтааст.

XS
SM
MD
LG