Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден ва Путин суҳбати видеоӣ мекунанд


Ҷо Байден, президенти ИМА ва Владимир Путин, президенти Русия

Ҷо Байден, президенти ИМА ва Владимир Путин, президенти Русия рӯзи 7-уми декабр дар тамоси видеоӣ мавзуи Украина ва дигар масоили мавриди назарро баҳс мекунанд. Кохи Сафед ва Кремл баргузории ин суҳбатро тасдиқ карданд.

Ин суҳбат дар ҳоле баргузор мешавад, ки кишварҳои ғарбӣ аз мустақар шудани ҳазорон нерӯи низомии Русия дар марзи Украина нигаронанд.

Кохи Сафед хабар дод, ки президент Байден ҳаракатҳои низомии Русия дар наздикии марзҳои Русияро бо Путин баҳс хоҳад кард.

Ду раҳбар ҳамзамон дар мавзуи силоҳи ҳастаӣ, ҳамлаҳои киберӣ суҳбат мекунанд.

Мақомҳои Украина аз наздик шудани низомиёни рус дар марз нигаронанд. Онҳо бар ин назаранд, ки Русия қасди ҳамла ба Украинаро дорад.

ИМА ҳамчун пуштибонӣ Украина Русияро ҳушдор додааст, ки аз иқдомҳои нооромкунандаи худ даст бикашад.

XS
SM
MD
LG