Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ФСБ-и Русия се украиниро ба ҷосусӣ муттаҳам кард, Киев рад намуд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

ФСБ ё Хадамоти федеролии амнияти Русия мегӯяд, се шаҳрванди Украинаро, ки ба ҳамкорӣ бо ниҳодҳои амниятии ин кишвар гумонбаранд, дастгир кардааст.

Мақомоти Русия 2-юми декабр гуфтанд, ду нафар аз боздоштшудаҳо шаҳрвандони Украина, Зиновий Ковал ва писараш Игор, ҳастанд, ки гуё “маълумоти махфиро ба Хадамоти амнияти Украина ҷамъ меоварданд”.

Дар изҳорот аз шахси севум Александр Тсилик аз Киев ном бурдаанд. Ба иттилои мақомоти Русия, Тсилик иқрор шудааст, ки агент ё ҷосуси низомии Украина буд ва қасд дошт, дар қаламрави Русия бо истифода аз маводи тарканда “амали террористӣ” анҷом диҳад.

Дар изҳорот кай ва дар куҷо боздошт шудани шахсони гумонбар ба ҷосусӣ зикр нашудааст.

Хадамоти амниятии Украина рӯзи 2-юми декабр иддаои ФСБ-ро рад намуд.

Киев ва ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, Русия аз замони тасарруфи Қрим дар соли 2014 ва пуштибонӣ аз ҷудоиталабони мусаллаҳ дар шарқи Украина, чанд украиниро бо иттиҳомҳои сохта ва дорои ангезаҳои сиёсӣ боздошту зиндонӣ кардааст. Дар ҷангҳо дар шарқи Украина беш аз 13 ҳазору 200 кас кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG