Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Москва талаб кард, қисме аз кормандони сафорати ИМА Русияро тарк кунанд


Бинои Сафорати Амрико дар Маскав.

Мақомоти Русия талаб карданд, ки то рӯзи 31-уми январи соли 2022 кормандони сафорати ИМА, ки бештар аз 3 сол дар Москва буданд, Русияро тарк кунанд. Дар ин бора рӯзи чаҳоршанбе Мария Захарова, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия хабар дод.

Тасмими Москва посух ба қарори Вашингтон унвон шудааст, ки муҳлати будубоши дипломатҳои Русияро дар ИМА маҳдуд кард. Захарова гуфт, ин интихоби Русия нест - "бозиро ИМА шуруъ кардааст".

Пештар Вашингтон талаб кард, ки то рӯзи 30 январи соли 2022 27 дипломати Русия ИМА-ро тарк кунанд. Сафорати ИМА дар Москва ин қазияро ҳанӯз шарҳ надодааст.

Дар соли 2020 Департаменти давлатии ИМА ба таври якҷониба муҳлати будубоши кормандони сафорати Русияро дар Вашингтон ва консулгариҳои Русия дар Ню-Йорку Хюстон 3 сол муқаррар кард.

XS
SM
MD
LG