Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як узви ДОИШ-ро дар Олмон ба ҳабси абад маҳкум карданд


Бино ба гузоришҳо, аъзои гуруҳи “Давлати исломӣ” беш аз 3 ҳазор язидиро куштаанд
Бино ба гузоришҳо, аъзои гуруҳи “Давлати исломӣ” беш аз 3 ҳазор язидиро куштаанд

Додгоҳи Олмон як марди 29-солаи ироқиро, ки ба узвияти гуруҳи даҳшатафкани “Давлати исломӣ” ё ДОИШ пайваста буд, бо табъизи ақаллияти язидӣ гунаҳкор дониста, ба ҳабси абад маҳкум кард.

Тоҳо Ал-Ҷумайлӣ бо табъизи инсон, ҷиноят бар зидди башарият, ки боиси марги инсон шудааст ва ҷиноятҳои ҳарбӣ гунаҳкор дониста шуд.

Ӯ дар соли 2013 ба гуруҳи ДОИШ ҳамроҳ шудааст. Ин аввалин ҳукми абад нисбат ба як узви ДОИШ аст, ки бо иттиҳоми наслкушӣ муттаҳам аст. Ин гуруҳ соли 2014 як бахши бузурги Сурия ва Ироқро зери назорат дошт.

Тибқи гузоришҳои расида, аъзои гуруҳи “Давлати исломӣ” беш аз 3 ҳазор пайрави дини язидиро кушта, наздик ба ҳафт ҳазор зану духтари язидиро дар солҳои 2014 ва 2015 ба ғулом табдил дода буданд.

Додситонӣ гуфт, Ал-Ҷумайлӣ ва ҳамсари собиқаш, ки шаҳрванди Олмон аст, як зани язидӣ ва фарзанди ӯро ҳамчун ғулом хариданд.

Ал-Ҷумайлӣ духтари панҷсолаи ин занро занҷирбанд карда, дар гармои панҷоҳ дараҷа дар берун нигаҳ дошт. Дар натиҷа духтар аз ташнагӣ вафот кард.

Қавми язидӣ ба забони курдӣ суҳбат карда, аксаран дар шимоли Ироқ ба сар мебаранд. Дини язидӣ, тақрибан чаҳор ҳазор сол пеш дар Эрони имрӯза пайдо шуда ва решаҳояш ба дини зардуштӣ мебарад, вале язидиҳо баъзе унсурҳои дини ислом ва дини насрониро пазируфтаанд.

XS
SM
MD
LG