Пулис дар Душанбе аз боздошти як зани 29-сола хабар дод, ки ба кӯдакдуздӣ муттаҳам мешавад. Дафтари матбуоти Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе иттилоъ дод, ки амалиёти ҷустуҷӯи ин кӯдак ва боздошти ин зан рӯзи 30-юми ноябр сурат гирифт.
Ба иттилои манбаъ, Нигора Ахмедова, сокини деҳаи Қампирқаълаи ҷамоати Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ баъд аз нисфирузии сешанбе дар Дармонгоҳи тиббии шаҳрии рақами 13-и пойтахт як кӯдаки навзоди 2-моҳаро аз модараш барои нигоҳубини яклаҳзаина қабул ва сипас аз набудани модари кӯдак истифода карда, бо кӯдак фирор кардааст.
Пулис дар шарҳи боздошти ин зан гуфт, ки дар пайи амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, гумонбаршуда соати 4:20-и субҳ берун аз ҳудуди шаҳри Душанбе боздошт шуд.
Мақомот мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир нисбати Нигора Ахмедова бар асоси моддаи 130-и (одамрабоӣ) Кодекси ҷинояти Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.