Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳҳо сокини Алмато афви қарзҳои бонкиро талаб карданд


Наздики 60 тан аз сокинони шаҳри Алматои Қазоқистон рӯзи 30 ноябр пушти дари Оҷонси танзим ва рушди бозори молӣ ҷамъ шуда, талаб карданд, ки қарзҳои бонкии онҳо афв шаванд. Ин сокинон бо чунин талабе рӯзи 15 ноябр низ ҷамъ шуда буданд.

Онҳо гуфтанд, қарзҳоеро баргардонанд, ки барои ниёзҳои аввалияи гирифта буданд. Зеро, ба гуфтаи онҳо, даромадашон кам шудааст. Бархе аз занҳо гуфтанд, ба болои ин фарзанди зиёд доранд ва ба танҳоӣ онҳоро тарбият мекунанд.

Мақомоти Оҷонси танзим ва рушди бозори молӣ рӯзи 15 ноябр ваъда дода буданд, ки барои баррасии шикояти сокинон ба онҳо ду ҳафта вақт дода шавад.

"Дирӯз ки мо ҷамъ шудем, ба мо гуфтанд, фурсат надоштаанд, ки бо бонкҳо дархости моро баррасӣ кунанд", - гуфт яке аз занҳо, ки афви қарзашро талаб дорад.

Мақомоти Қазоқистон дар гузашта гуфтанд, ки ҷаримаи қарзии 1,1 миллион сокинро дар ҳаҷми бештар аз 33 миллиарду 620 миллион танга бахшидаанд.

XS
SM
MD
LG