Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати низомии Мянмар нисбати Аун Сан Суҷи айбҳои нав эълом кард


Ҳукумати низомии Мянмар роҳбари мухолифон ва барандаи ҷоизаи Нобел Аун Сан Суҷиро дар фасодкорӣ айбдор кард.

Айбномаи нав ба кирояи чархбол рабт дорад, ки шомили қонуни мубориза зидди фасод мешавад. Аз рӯи ин айб Аун Сан Суҷиро то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Шуруъ аз миёнаҳои моҳи марти соли 2021, аз замони оғози муҳокимаи парвандаи Суҷии 76-сола, нисбати вай наздики 10 айб эълом шудааст. Вай ҳамаи айбҳои эълоншударо рад мекунад.

Ҳукумати низомии Мянмар аз посух додан ба суолҳои расонаҳо дар мавриди парвандаҳои Аун Сан Суҷи худдорӣ мекунад. Вакилони мудофеи Аун Сан Суҷи низ нахостаанд, ки парвандаҳоро шарҳ диҳанд.

XS
SM
MD
LG