Сафорати Русия дар Кобул хабар дод, ки ҳавопаймои ин кишвар рӯзи 1-уми декабр шаҳрвандони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ё ОДКБ-ро аз Кобул берун меорад. Маълум нест, ки оё дар миёни мусофирон шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам хоҳанд буд ё на.
Ба узвияти созмон Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Русия ва Тоҷикистон шомиланд.
Моҳи август, баъди сари қудрат омадани “Толибон” дар Афғонистон, Русия бисёре аз шаҳрвандони кишварҳои узви СПАД-ро аз Афғонистон берун бурда буд.
Ба навиштаи хабаргузории ТАСС, дар ҳавопаймо инчунин донишҷӯёни афғонистонии муҳассили мактабҳои олии Русия ва шаҳрвандони Русия ҷой дода мешаванд.
Бори охир ҳавопаймои русӣ рӯзи 18-уми ноябри имсол аз Афғонистон беш аз 200 шаҳрванди Русия, Арманистон, Беларус, Украина ва Афғонистонро берун овардааст.
Дар хабар гуфта шудааст, ки ҳавопаймо ба Кобул 36 тонна ёрии башардӯстона низ хоҳад бурд.