Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Узбекистон дастур дод, ки "ток-шоу"-ҳоро назорат кунанд


Президенти Узбекистон, Шавкат Мирзиёев, рӯзи 23-юми ноябри имсол дар ҷараёни сафари корияш ба ноҳияи Шайхонтоҳури вилояти Тошканд ба муовини сарвазири ин кишвар дастур додааст, ки барномаҳои ток-шоуи баъзе аз телевизионҳоро таҳти назорат гирад.

Раҳбари бунёди "Нуронӣ" Рустам Калонов дар ҷараёни мулоқоти Мирзиёев бо фаъолони Шайхонтоҳур аз сифати баъзе аз барномаҳои телевизионҳои Узбекистон шикоят кардааст.

"Ҷаноби президент, мехоҳам, таваҷҷуҳи шуморо ба барномаи "Mahallada duv-duv gap" дар телевизиони "Sevimli" ҷалб кунам. Он мухолифи расму ойини мост. Ман ҳайронам, ки чӣ гуна онро бо аъзои хонавода тамошо мекунанд. Агар онҳо мушкили маҳалларо ҳал карданӣ ҳастанд, бигузор дар ҷояш рафта, ҳал кунанд. Як барномаи дигар бо номи "Yor-yor" аст, ки дар он зан шавҳар ва мард ҳамсар мекобанд," - изҳор дошт ӯ.

Ба иттилои сомонаи Kun.uz, Мирзиёев баъди муроҷиати Калонов ба муовини сарвазири ин кишвар дастур додааст, ки ин гуна барномаҳоро таҳти назорат қарор диҳад.

XS
SM
MD
LG