Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Омикрон": зуд сироят мекунад, вале ҳанӯз далели ба марг овардани вирус вуҷуд надорад


Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳушдор дод, ки навъи “Омикрон”-и коронавирус аз назари сирояткунӣ бисёр босуръат буда, дар ҳолати олуда шудан ба он паёмадҳои бисёр сангине ҳам доштааст. Дар як изҳороташ рӯзи 29-уми ноябр ин ташкилоти вобаста ба СММ дар бораи хусусиятҳои “Омикрон”, ки онро коронавируси дар Африқои Ҷанубӣ ошкоршуда меноманд, хулосаҳои худро дар ин бора пешкаш намуд. Мутахассисони тиб мегӯянд, ки ин навъи вирус дар натиҷаи омезиши чандин навъи коронавирус пайдо шуда, тавони зӯр омадан бар масунияти одамро дорад ва хеле осон аз як кас ба каси дигар сироят мекунад.

Айни замон, ба иттилои мутахассисон, бо ин ки ин вирус бо суръати зуд дар кишварҳои гуногун паҳн мешавад, ҳодисаҳои марг бар асари он ба қайд гирифта нашудааст. Ҳоло ин вирус дар чандин кишвари аврупоӣ ошкор шудааст ва дар аксари ҳолатҳо аввалин манбаи сироят шахсоне будаанд, ки аз сафари Африқои Ҷанубӣ ё дигар кишварҳо омадаанд. Баъди Исроил Ҷопон гуфт, ки дарашро ба рӯи хориҷиҳо мебандад. Дар ИМА ва Аврупо гуфтанд, ки барои онҳое, ки аз Африқои Ҷанубӣ меоянд, иҷозаи ворид шудан ба кишвар дода намешавад.

Президенти ИМА Ҷо Байден, ки дишаб дар бораи шакли нави "Омикрон"-и коронавирус сӯҳбат мекард, гуфт, ки зимистони имсола дар кишвар маҳдудиятҳои иҷтимоӣ ҷорӣ намекунад, вале аз мардум тақозо кард, ки ҳатман зидди ковид эм карда шаванд. Ӯ гуфт, "ин навъи коронавирус боиси ташвиши мо аст, вале мо набояд воҳима кунем. Мо бояд бо он мубориза барем", гуфт Байден.

XS
SM
MD
LG