Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Барои оташ задани Қуръон". Издиҳоме идораи полиси Покистонро оташ зад


29-уми ноябр, баъди ҳамлаи издиҳом
29-уми ноябр, баъди ҳамлаи издиҳом

Полис дар шимолуғарби Покистон гуфт, садҳо нафаре, ки ба дасти онҳо супурдани марди гумонбар дар оташ задани Қуръонро талаб мекарданд, ба идораи полис ҳамла карда ин ва дигар посгоҳҳоро оташ заданд. Ҳодиса шоми 28-уми ноябр рух дод. Сухангӯи полиси ноҳияи Чорсаддаи Покистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки вақте полис талаби издиҳоми хашмолуди мардумро барои таслими марде, ки ӯро ба оташ задани Қуръон айбдор карданд, рад кард, ин тӯда ба хароб кардани идораи полиси маҳаллӣ даст зад. Сафӣ Ҷон, сухангӯи полис гуфт, чунин ба назар мерасад, ки марди гумонбаршуда дар оташ задани Қуръон як мӯътоди маводи мухаддир будааст. Манбаъҳои дигар ӯро мардн номидаанд, ки мушкили равонӣ дорад. Полис тавонист, ки ин мардро ба як макони амн интиқол диҳад.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ мегӯянд, ки вазъ дар ноҳияи Чосадда ноором аст. Полис тахминан 20 нафарро бо иттиҳоми доман задани хушунат ва ҳамла ба идораи полис боздошт кард. Аз ноҳияҳои ҳамсояи Мардон ва Навшера ҳам ходимони иловагии ҳифзи қонун барои тақвияти амният ба Чорсадда фиристода шуданд.

Дар Покистон, ки бисёр мардумаш мутаассиб аст, ба масъалаҳои мисли тавҳин ба муқаддасони исломӣ бо ҳассосияти зиёд муносибат мекунанд ва ҳатто дар ҳолати исботношуда будани амали шахсе бе ин ки кори ӯ таҳқиқ шавад, бисёр шудааст, ки издиҳоми хашмолуду бераҳми мардум то марг он нафарро латукӯб мекунад ваё оташ мезанад. Мунаққидон мегӯянд, ки дар Покистон бисёр вақт қонунҳои марбут ба тавҳин худсарона ва бо мақсадҳои шахсӣ ҳам иҷро мешавад.

XS
SM
MD
LG