Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев гуфт, аз афзоиши ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон дар Русия нигаронанд


Дмитрий Медведев.
Дмитрий Медведев.

Мақомоти рус гуфтанд, аз афзоиши ҷинояткорӣ дар миёни муҳоҷирон нигарон ҳастанд. Дар ин бора Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амнияти Русия рӯзи душанбе дар як нишаст бахшида ба масъалаи муҳоҷират ибрози назар кард. Дар ин нишаст Медведев ба зарурати таҳияи тадбирҳои иловагӣ барои таъмини амният дар Русия даъват намуд.

"Бисёре аз шаҳрвандони хориҷӣ дар кишвари мо то ҳол қоидаҳои будубошро вайрон мекунанд. Онҳо аз назорати сохторҳои давлатӣ берун мемонанд, аксар вақт аз тариқи ҳамватанони худашон ба дом меафтанд ва туъмаи созмонҳои ифротгаро ва террористӣ мешаванд",-гуфт Дмитрий Медведев.

Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия ҳамчунин гуфт, мақомоти Русия набояд ба пайдо шудани анклавҳои этникӣ дар қаламрави ин кишвар иҷозат диҳанд, чун ба гуфтаи ӯ, ин кор метавонад заминаҳои ҷинояткориро ба вуҷуд орад. Ин мақоми Русия аз ин беш шарҳ надод, ки пайдо шудани анклавҳои этникӣ дар Русия чигуна барои афзоиши ҷинояткорӣ заминаро фароҳам мекунад.

Русия мизбони чанд миллион муҳоҷир аз кишварҳои пасошӯравӣ аст. Аз ҷумла, солона аз Тоҷикистон ҳудуди як миллион нафар барои кору даромад ба Русия мераванд. Ҳомиёни ҳуқуқ аз нақзи густурдаи ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия борҳо интиқод кардаанд.

XS
SM
MD
LG