Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ба марзбонони тоҷик 18 Ҷип тақдим кард


Амрико ба нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон 18 мошини сабукрави Ҷип J8 тақдим кардааст. Дафтари матбуоти Сафорати Амрико дар Душанбе хабар дод, ки арзиши умумии ин мошинҳо 1,3 миллион долларро ташкил медиҳад ва ин ба марзбонони тоҷик имкон медиҳад, ки дар шароити сахти мантақаҳои марзӣ амалиёт гузаронанд.

Дар маросими тақдими ин кӯмакҳо, ки рузи 19-уми ноябр бо ҳузури генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон баргузор шуд, Сафири ИМА дар Душанбе Ҷон Марк Поммершайм гуфтааст, ки кишвараш соли оянда ба бахши амниятии Тоҷикистон ҳудуди 60 миллион доллар сармоягузорӣ мекунад. "Мо дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва паҳншавии силоҳи ҳастаӣ шарик ҳастем",-гуфтааст оқои Поммершайм.

Давоми наздик ба 30 соли гузашта Амрико ба бахши амниятии Тоҷикистон беш 330 миллион доллар кӯмак кардааст ва ин ёриҳо бахшҳои омузиш, таҳҷизот ва бунёди зерсохторҳоро дар бар мегирад. Дар чаҳорчӯби ин кӯмакҳо, 13 посгоҳи сарҳадӣ, 9 гузаргоҳ, ду отряди сарҳадӣ ва се маркази омӯзишии сарҳадбонон сохта ё барқарор карда шуданд.

Аз ҷумла, Амрико ба артиши Тоҷикистон бо арзиши 11,9 миллион доллар мошинҳо тақдим кардааст. Моҳи гузашта Амрико 20 мошини сабукрав дар ихтиёри Вазорати мудофиаи Тоҷикистон гузошт. Соли гузашта кӯмакҳои ҳарбиву техникии Амрико ба Тоҷикистон беш аз 10,7 миллион доллар будааст.

Тӯли 30 соли гузашта Амрико ба бахшҳои амният, иқтисод, беҳдошт ва маорифи Тоҷикистон беш 1,8 миллиард доллар кӯмак кардааст.

XS
SM
MD
LG