Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон рафтааст


Эмомалӣ Раҳмон ва Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов
Эмомалӣ Раҳмон ва Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 27-уми ноябр ба Туркманистон рафтааст. Мақомот гуфтанд, ӯ дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ иштирок хоҳад кард.

Вазирони корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод, нақлиёт, саноат ва раиси ширкати "Роҳи оҳан" низ ба Ишқобод (Ашхобод) рафтаанд.

Дафтари матбуоти президент гуфт, Эмомалӣ Раҳмон 27-уми ноябр бо Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон, вохӯрда, ду тараф рушди робитаҳо дар бахши тиҷорату иқтисод, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, интиқоли бору мусофиркашонӣ ва истифода аз бандарҳои обии Туркманистонро баррасӣ карданд.

Ин сафар дар ҳоле сурат мегирад, ки аз 25-уми ноябр ба ин сӯ дар Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, гирдиҳамоии эътирозӣ ҷараён дорад, вале мақомот ҳеч шарҳе намедиҳанд.

Эътирозгарон талаб доранд, ки сабабгорони марги Гулбиддин Зиёбеков, сокини 29-солаи ноҳияи Роштқалъа, боздошту муҷозот шаванд.

Додситонии Бадахшон рӯзи 25-уми ноябр гуфт, Зиёбеков дар кофтукоб буд ва ҳангоми амалиёти боздошт “муқобилият нишон доду захмӣ шуд”. Норозиён иддао доранд, ки ӯ қасдона кушта шудааст.

Дар се рӯзи охир дар бораи кушта ва захмӣ шудани чанд сокини дигар низ гузориш мерасад. Мақомот то ин дам маҷруҳ шудани панҷ корманди ниҳодҳои қудратӣ ва як вакили порлумонро дар Бадахшон тасдиқ кардаанд.

XS
SM
MD
LG