Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз тариқи Тоҷикистон ба Бадахшони Афғонистон орд мефиристанд


Акс аз сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон
Акс аз сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Нахустин кӯмакҳои башардӯстона аз тариқи хоки Тоҷикистон ба Афғонистон интиқол меёбад. Ин ёриҳо аз 2500 тонна орд иборат аст ва аз ҷониби Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ ба мардуми Афғонистон дода мешавад.

Бино ба иттилои Дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ, кӯмаки мазкур ба минтақаи Бадахшони Афғонистон тавассути нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳадии Тоҷикистону Афғонистон интиқол дода мешавад.

“Дар ҳоли ҳозир ҳеҷ як созмон ва давлати кӯмакрасон ба минтақаҳои мазкури Афғонистон дастрасӣ надоранд. Бинобар ин Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки қаламрави худро барои интиқоли ин гуна мавод пешниҳод намояд,”-омадааст дар хабарномаи вазорат.

Кӯмакҳои башардӯстона дар ҳоле ба Афғонистон интиқол меёбанд, ки вазъи мардум дар ин кишвар баъди ба қудрат расидани Толибон бамаротиб вазнинтар шудааст. Созмонҳои ҳуқуқи башар мегӯянд, аксари аҳолии Афғонистон феълан ба кӯмакҳои башардӯстона ниёз доранд.

Толибон аз нимаи моҳи август қудрат дар Афғонистонро ба даст гирифтаанд, вале то ҳол ҳеч кишваре ҳукумати онҳоро ба расмият нашинохтааст. Созмонҳои ҷаҳонӣ аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо гуфтааст, бидуни ба расмият шинохтани ҳукумати Толибон ба мардуми Афғонистон кӯмак мекунанд.

XS
SM
MD
LG