Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

15 касро дар Қирғизистон бо гумони "омодагӣ ба ғасби ҳукумат" дастгир карданд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Кумитаи давлатии амнияти миллии (КДАМ) Қирғизистон хабар дод, ки якҷо бо Вазорати корҳои дохилӣ аз фаъолияти гуруҳе пешгирӣ кардааст, ки ба ғасби худсаронаи ҳукумат дар он кишвар омодагӣ медид.

КДАМ гуфт, ин афрод нақша доштанд, "вазъи иҷтимоиву сиёсии кишварро баъди интихоботи порлумонӣ ба ҳам зада, ҳукуматро ғасб кунанд".

Дар робита ба ин ҳодиса КДАМ бо парвандаи "Омодагӣ ба ғасби худсаронаи ҳукумат" парванда кушодааст.

Тафтишот хабар медиҳад, "далелҳои раднашаванда"-е аз фаъолияти гуруҳи ҷиноӣ ба даст овардааст, ки миёни аъзои гуруҳи ҷиноӣ вакилони порлумон ва мансабдорони пешин низ ҳастанд.

"Муайян карда шуд, ки баъди эълони натиҷаҳои интихоботи порлумонӣ, гуруҳи мазкур бо пуштибонӣ аз номзадҳое, ки дар интихобот пирӯз нашудаанд, дар ҳудуди шаҳри Бишкек гирдиҳамоӣ ташкил мекунад ва вазъро ноором карда, ҳукуматро ғасб менамояд", - хабар доданд аз КДАМ.

Барои ташкили гирдиҳамоӣ, ба иттилои мақомоти Қирғизистон, гуруҳи мазкур ҳазор касро киро карда, онҳоро омӯзиш додааст.

Рӯзи 26-уми ноябр КДАМ ва Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон ҷойи зист ва биноҳои иҷораи фаъолони эҳтимолии гуруҳи мазкурро бозҷӯӣ ва асноду аслиҳа мусодира кардаанд.

Дар натиҷа 15 кас боздошт шудааст. КДАМ аз боздоштшудаҳо ва гумонбарон ном набурдааст.

XS
SM
MD
LG