Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди HRW аз бадрафтории Беларус ва Лаҳистон бо паноҳҷӯён


Марзи Беларус ва Лаҳистон
Марзи Беларус ва Лаҳистон

Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch), қароргоҳаш дар Ню-Йорк, аз поймолшавии “ҷиддӣ”-и ҳуқуқи паноҳҷӯён дар марзи Беларус ва Лаҳистон хабар дод. Созмон ҳар ду кишварро ба бадрафторӣ дар баробари паноҳҷӯён муттаҳам кард.

Дар гузориши HRW аз 24-уми ноябр аз паноҳҷӯён нақл шудааст, ки дар баъзе аз маврид аз тарафи пулиси Лаҳистон маҷбурӣ ихроҷ карда шудаанд. Дар идома аз таҳдид барои берун кардани иҷбории паноҳҷӯён аз сӯи марзбонони Беларус ҳам хабар додаанд.

Аз моҳи август ба ин сӯ ҳазорон паноҳҷӯ, ки бештарашон шаҳрвандони Сурия, Ироқ ва Яман ҳастанд, вориди Минск -- пойтахти Беларус шудаанд, то худро ба кишварҳои Аврупои Ғарбӣ бирасонанд.

Иттиҳоди Аврупо ҳукумати Беларусро муттаҳам кардааст, ки паноҳҷӯёнро ба зӯр ва фишор ба Лаҳистон ва ду кишвари дигари аврупоӣ - Латвия ва Литва рондааст, то ба ин тартиб, минтақаро ноором кунад.

Лидия Галл, пажӯҳишгари Дидбони Ҳуқуқи Башар дар умури Аврупо ва Осиёи Марказӣ, мегӯяд, дар ҳоле ки Беларус бидуни дарки пайомадҳо вазъиятро барои паноҳҷӯён душвор сохтааст, Лаҳистон масъулият дорад, то пеши чолишҳои бештар дар минтақаҳои марзиро бигирад.

Аз оғози буҳрон дар минтақаҳои марзии Лаҳистон ва Беларус ба камияш 13 паноҳҷӯ ҷон бохтаанд.

Дидбони Ҳуқуқи Башар мегӯяд, ду кишвар бояд пеши маргу мири бештарро дар минтақаҳои марзӣ бигиранд ва итминон диҳанд, ки дастрасии мардум ба хадамоти асосиро дар ин минтақаҳо таъмин мекунанд.

XS
SM
MD
LG