Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон содироти барқро ба хориҷа кам кардааст


Идораи "Барқи тоҷик" дар Душанбе
Идораи "Барқи тоҷик" дар Душанбе

Тоҷикистон дар моҳи октябри имсол содироти нерӯи барқро ба кишварҳои ҳамсоя тақрибан даҳ маротиба кам кардааст.

Бино ба иттилои Кумитаи омор, моҳи гузашта Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя ба маблағи 1,8 миллион доллар нерӯи барқ фурӯхт. Дар ҳоле ки дар моҳи сентябр ин рақам ба 17 миллион доллар баробар буд.

Дар умум, Тоҷикистон аз моҳи январ то октябри имсол ба маблағи беш аз 91 миллион доллар нерӯи барқ содирот кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 82% бештар аст.

Ширкати "Барқи тоҷик" гуфт, дар 9 моҳи имсол истеҳсоли нерӯи барқ дар кишвар нисбати соле пеш 6 фоиз зиёд будааст.

Ин дар ҳолест, тақрибан ду моҳ боз мардуми аксар минтақаҳои Тоҷикистон барқро бо маҳдудият мегиранд. Ҳатто дар баъзе аз қисматҳои шаҳри Душанбе сокинон аз бебарқӣ шикоят доранд.

XS
SM
MD
LG