Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заминларзаи нав дар Тоҷикистон


Маркази зилзиласанҷии Амрико гузориш дод, ки заминларзаи баробар бо 4,2 дараҷа дар наздикиҳои Обигарми шаҳри Роғун ба вуқуъ пайваст. Тибқи ин гузориш, заминларза соати 7:34-и 24-уми ноябр рӯй дод. Маркази зилзиласанҷии Аврупо ва Баҳри Миёназамин ҳам хабарро тасдиқ карданд. Ба тахмини зилзилашиносон, нерӯи заминларза муътадил буда, набояд зиёни моливу ҷонӣ ба бор орад. Обигарм 10 ҳазор ва шаҳри Роғун 7 ҳазор аҳолӣ доранд.

XS
SM
MD
LG