Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбекистон дахлнопазирии вакили интиқодгарро бекор карданд


Фирӯза Бабашева.
Фирӯза Бабашева.

Дахлнопазирии раиси маҷлиси ноҳияи Уртачирчики Узбекистон Фирӯза Бабашева, ки бо интиқодҳои тундаш аз фаъолияти мақомоти маҳаллӣ маъруф аст, бекор карда шуд.

Бабашева гуфт, дар ҷаласаи маҷлис дахлнопазирии ӯро бекор карданд, вале вай ҳамоно вакили маҷлис аст. "Акнун агар Қиёмов дар додгоҳ исбот кунад, ки таҳқир шудааст, ман ҷарима месупорам", - изҳор дошт Бабашева дар шарҳи қарори бекор шудани дахлнопазирияш.

Додситони ноҳияи Уртачирчик хабар дод, нисбати Бабашева таҳқиқоти ибтидоӣ шуруъ шудааст. Раиси бахши "Агробанк" дар ноҳияи мазкур Муҳиддин Қиёмов нисбати Бабашева шикоят кардааст. Чанде муқаддам Бабашева дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфта буд, ҳангоми гирифтани маблағ аз корт дар бонки мазкур аз муштариҳо "ҳақ" меситонанд.

Бабашева дар саҳифаи "Фейсбук" ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ муроҷиати сокинони маҳаллиро нашр мекунад, дунболи шикояти сокинон меравад ва аз мақомоти маҳаллӣ интиқод мекунад.

Рӯзи 15-уми ноябри соли равон дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки дар он Фирӯза Бабашева бо марде дар бистар хуфтааст. Бабашева хабар дод, ки рӯзи сабти навор кормандони мақомот ӯро се соат боздошт ва маҷбур кардаанд, ки баёнот нависад. Дар натиҷа ангушти ӯро шикастанд.

XS
SM
MD
LG