Департаменти давлатии Амрико се раҳбари шохаи "Хуросон"-и гурӯҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ"-ро дар Афғонистон ба рӯйхати террористони миқёси ҷаҳонӣ дохил кард. Дар изҳороти департамент аз 22-юми ноябр гуфта мешавад, як нафари дигар ба хотири таъмини молии гурӯҳ таҳрим шуд. Дар байни ин афрод номи Саноуллоҳ Ғаффорӣ, машҳур лақаби Шаҳоб ал-Муҳоҷир, низ зикр шудааст. Вай ҳамчун амири феълии шохаи "Хуросон"-и гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" шинохта мешавад.
Номи се раҳбари ДОИШ-ро дар Афғонистон ба рӯйхати террористон ворид карданд
