Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти украинӣ аз эҳтимоли ҳамлаи Русия ба ин кишвар хабар доданд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

“Русия эҳтимол моҳи феврал ё январи соли оянда ба Украина ҳуҷум кунад.” Дар ин бора Кирилл Буданов, раҳбари Хадамоти кашфи Украина дар суҳбат бо нашрияи “Military Times” хабар додааст.

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло Русия дар марзаш бо Украина беш аз 92 ҳазор низомиёнро ҷой кардааст.

Ин мансабдори украинӣ гуфтааст, дар муқоиса ба соли 2014 ин ҳамлаи Русия бузургтар хоҳад буд. Русия соли 2014 дар пайи чунин ҳамлае Қрими Украинаро шомили Русия карда буд. Ҳоло Русия ба кумаки ҷудоиталабон дар Донбас муттаҳам мешавад. Мақомоти ин кишвар инро рад мекунанд.

Буданов гуфтааст, эҳтимол ҳамла тавассути ҳавопаймоҳои низомӣ сурат бигирад ва ҳадаф Одесса ва Мариупол бошад.

Аксар сиёсатмадорони Русия, аз ҷумла Путин, ин минтақаҳоро “Русияи нав” меноманд. Пеш аз ин дар бораи ҳамлаи Русия ба Украина матбуоти амрикоӣ хабар дода буданд. Ҳарчанд, он вақт гуфта мешуд, ки ин танҳо як нақша аст ва Русия ба қарори ниҳоӣ нарасидааст.

Ба навиштаи матбуот, Русия мехоҳад ё қисме аз Украинаро қаламрави худ созад ва ё дар ин кишвар ҳукумати ҷонибдори худро сари кор орад.

Мақомоти кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла кишварҳои узви созмони низомии НАТО аз ин вазъ нигаронанд ва ба Русия ҳушдор додаанд. Дар Русия ҳамагуна омодагии ҳамла ба Украинаро рад мекунанд.

Русия ва Украина солҳо боз муносибати сард доранд.

XS
SM
MD
LG