Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дипломати тоҷик дар Шӯрои амният: "Ҷаҳон дигар шуд, "Толибон" - на"


17 ноябр, Ню-Йорк. Ҷонибек Ҳикмат, намояндаи Тоҷикистон дар СММ. Акс: mfa.tj
17 ноябр, Ню-Йорк. Ҷонибек Ҳикмат, намояндаи Тоҷикистон дар СММ. Акс: mfa.tj

Дар як суханрониаш аз минбари Шӯрои амнияти СММ дар Ню-Йорк Ҷонибек Ҳикмат, намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ гурӯҳи ҳокими “Толибон”-ро дар Афғонистон барои иҷро накардани тақозоҳои байналмилалӣ айбдор кард. Ин суханронӣ, ки ба иттилои вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, рӯзи 17 ноябри имсол дар ҷаласаи бахшида ба масоили Афғонистон бо ширкати намояндаи вижаи дабири кулли СММ ва роҳбари Ҳайати мусоидати СММ дар Афғонистон Дебора Лайонс ва намояндагони дипломатии дигар кишварҳо барпо шуд, бештар ба ибрози дигарбораи мавқеи расмии Тоҷикистон дар нисбати ҳукумати “Толибон” тамаркуз кард.

Ба навиштаи вебсайти https://www.newkerala.com, дипломати тоҷик гуфтааст, “Толибон” даъвати ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Итолиё, Русия, Ҳинду Покистон ва Туркияро нодида гирифтанд, ки ба ташкили як ҳукумати фарогир, қатъи робитаҳо бо созмонҳои дигари террористӣ ва таъмини ҳуқуқи бунёдии занону кӯдакон ва дигар гурӯҳҳои қавмӣ даъват мекарданд. Аз замони сари қудрат омадани “Толибон” дар Афғонистон, ки давоми 20 соли гузашта гурӯҳи калидии мухолифи ҳукумати рӯ ба ғарби Кобул будааст, беш аз 100 рӯз гузашт. Бисёр кишварҳову коршиносони байналмилалӣ “Толибон”-ро дар адами иҷрои ваъдаҳо ба ташкили ҳукумати фарогир интиқод мекунанд.

Дипломати тоҷик Ҷонибек Ҳикмат дар Шӯрои амнияти СММ гуфтааст, агар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хотири иҷрои ӯҳдадориҳояш ба таври пайваставу муттасил ба "Толибон" фишор наорад, вазъияти амниятӣ бадтар мешавад ва ҳам ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон сироят мекунад. Ӯ гуфтааст: “20 сол гузашт, ҷаҳон дигар шуд, аммо “Толибон” дигар нашуданд. Тафаккури асримиёнагии онҳо барои занону духтарон ҷое ҳам нагузоштааст”. Ӯ таъкид кардааст, ки Тоҷикистон танҳо аз ташкили як ҳукумати фарогир, таъминкунандаи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, ба вижа занон ҳимоят хоҳад кард. Дипломати тоҷик инчунин аз сардиҳои зимистон ва бӯҳрони башарӣ дар Афғонистон ҳушдор дода гуфтааст, ки мардуми Афғонистон ба ёрии изтирории башарӣ ниёз доранд.

Тоҷикистон, ки бо Афғонистон беш аз 1300 км марзи муштарак дорад, аз сарнагунии ҳукумати рӯ ба ғарби Кобул дар моҳи август изҳори нигаронӣ карда гуфтааст, ки ба ҳайати ҳукумати “Толибон” ҳеҷ намояндаи гурӯҳҳои қавмӣ, аз ҷумла тоҷикон шомил нашуданд. Як нигаронии дигари Тоҷикистон ба вазъи паноҳҷӯёни афғон рабт мегирад. Ҳазорҳо афроди норозиву нигарон аз режими нав талош доранд тарки ин кишвар кунанд ва Тоҷикистон яке аз давлатҳоест, ки дар хоки он ҳоло 14 ҳазор паноҳҷӯи афғон паноҳ бурдаанд. Мақомоти тоҷик хитоб ба ҷомеаи ҷаҳонӣ гуфтаанд, ки бидуни ёриҳои байналмилалӣ наметавонанд ба ин гурӯҳ ёрӣ расонанд.

Интизор меравад, ки масъалаи кӯмак ба Афғонистон дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупо баррасӣ шавад, ки рӯзҳои 22-23-юми ноябр дар Душанбе баргузор хоҳад шуд. Рӯзи 19 ноябр СММ Тоҷикистонро барои ихроҷи паноҳҷӯёни афғонистонӣ ба ватанашон интиқод кард.

XS
SM
MD
LG