Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътироз дар Австрия алайҳи тадбирҳои маҳдудкунанаи нави зидди COVID-19


Вена, эътирози зидди тадбирҳои маҳдудкунандаи марбут ба коронавирус. 20-уми ноябри соли 2020
Вена, эътирози зидди тадбирҳои маҳдудкунандаи марбут ба коронавирус. 20-уми ноябри соли 2020

Рӯзи 20 ноябр дар шаҳри Вена, пойтахти Австрия чандин ҳазор нафар ба нишони эътироз аз маҳдудиятҳои нави зидди коронавирус дар ин кишвар ба хиёбонҳо рехтанд. Полис гуфт, ки дар Вена тахминан 7 ҳазор нафари норозӣ бо чораҳои нави ҳукумат барои ҷорӣ кардани маҳдудияти сартосарӣ даст ба эътироз заданд. Маҳдудиятҳо 22 ноябр ҷорӣ мешаванд ва эътирозгарон талаботи қонунии эмшавии ҳатмӣ бар зидди коронавирусро, ки феврали соли 2022 ба иҷро медарояд, ҳамчун чораи маҷбуркунанда интиқод карданд.

Ҳизби ростгарои “Озодӣ” мардумро бо даъват ба эътироз алайҳи ин тадбирҳо ба хиёбонҳо баровард. Раиси ин ҳизб Ҳерберт Кикл, ки ҳоло гирифтори COVID-19 мебошад, натавонист дар ин раҳпаймоӣ иштирок кунад. Дар як навори видеоӣ ӯ тадбирҳои мақомотро “тоталитарӣ” номид.

XS
SM
MD
LG