Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СҶТ аз афзоиши якбораи коронавирус дар Аврупо "бисёр дар ташвиш аст"


Беморхонаи гирифторони коронавирус дар София, пойтахти Булғористон

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гуфт, аз афзоиши сирояти коронавирус дар Аврупо “бисёр дар ташвиш аст”. Дар як мусоҳибааш бо шабакаи Би-Би-Си раиси барномаҳои минтақавии ин созмон Ҳанг Крюге ҳушдор дод, ки агар тадбирҳои фаврӣ гирифта нашаванд, то моҳи март шумори қурбониҳои коронавирус дар Аврупо ба ним миллион нафар баробар мешавад. Ин ҳушдор дар ҳоле садо медиҳад, ки дар кишварҳои Словакия ва Ҷумҳурии Чех афзоиши рекордии олудашавиҳо ба беморӣ шурӯъ аз замони пандемия ба қайд гирифта шудааст. Крюге гуфт, ки ба афзоиши ҳодисаҳои олудашавӣ чандин омил, аз ҷумла, фарорасии зимистону сардиҳо, эмшавии нокофии мардум ва ҳам паҳншавии намуди босуръат сирояткунандаи Делта таъсиргузор шудаанд.

Рӯзҳои гузашта давлатҳои аврупоӣ аз маҳдудиятҳои нави иҷтимоӣ хабар доданд. Аз ҷумла, Австрия гуфт, ки шурӯъ аз 22-юми ноябр дар ин кишвар маҳдудияти сартосарӣ ҷорӣ мешавад. Дар Ҷумҳурии Чех ва Совакия барои эмнашудаҳо бар зидди COVID-19 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ мешаванд.

XS
SM
MD
LG