Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Полша гуфт, аз талошҳои убури ғайриқонунии марз пешгирӣ кард


Полиси Полша дар марз бо Беларус
Полиси Полша дар марз бо Беларус

Марзбонони Полша гуфтанд, ки рӯзи 20-уми ноябр аз талоши чандин гурӯҳи муҳоҷирон барои убури марзи Беларус ва Полша “бомуваффақият” пешгирӣ карданд. Ин талошҳо, ба гуфтаи мақомот, рӯзи 19-уми ноябр, замоне, ки шуморе аз муҳоҷирон хостанд аз Беларус ба Полша ворид шаванд, сабт шудааст. Мақомот гуфтанд, ки шумори муҳоҷирон камтар шудааст. Иттиҳоди Аврупо раҳбари худкомаи Беларус Александр Лукашенкоро барои ба сарҳадҳои Аврупо тела додани селаи муҳоҷирон гунаҳгор кард. Брюссел мегӯяд, Минск дар посух ба таҳримҳои Беларус барои саркӯби мухолифон тӯдаи муҳоҷиронро ба сарҳадҳои Полша, Латвия ва Литва тела медиҳад. Беларус эҷоди бӯҳрон дар марзҳои Аврупоро рад кардааст.

Полша гуфт, ки рӯзи 19 ноябр 195 ҳолати талоши убури ғайриқонунии марз ба қайд гирифта шуд, дар ҳоле, ки рӯзи 18 ноябр 250 ҳодиса ва рӯзе аз он пеш 501 ҳодиса буд. Мариуш Блашак, вазири дифои Полша гуфт, “мо бояд омода бошем, ки ин бӯҳрон метавонад моҳҳо давом кунад. Ҳеҷ шубҳа надорам, ки чунин мешавад”. Ӯ афзуд, ки дар пушти ин корҳо хадамоти вижаи Беларус истодааст. Мавзӯи бӯҳрон дар марз дар сафари Блашак ба Литва, Латвия ва Эстония баррасӣ хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG