Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдухолиқ Набавӣ - як ҳомии мероси Айнӣ 75-сола шуд


Абдухолиқ Набавӣ аз мунаққидони адабиёти муосири тоҷик буда, дар ин соҳа даҳҳо таҳқиқоти илмӣ нашр кардааст
Абдухолиқ Набавӣ аз мунаққидони адабиёти муосири тоҷик буда, дар ин соҳа даҳҳо таҳқиқоти илмӣ нашр кардааст

Рӯзи 20 ноябр адабиётшиноси маъруфи тоҷик Абдухолиқ Набавӣ (Набиев) 75-сола шуд. Ин омӯзгори собиқадори донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон барои таҳқиқи мавзӯи «Масъалаи психологизм дар насри муосири тоҷик» унвони номзади илми филологияро гирифтааст. Итифоқи нависандагони Тоҷикистон менависад, даҳҳо мақолаву таҳқиқоти илмии ӯ «раванди адабӣ, амсоли марҳалаҳои тасвири бадеии инсон дар адабиёти муосири тоҷик, ҷараёни ташаккулу таҳаввули равонковии бадеӣ ва амиқрафти ҳунари воқеънигорӣ»-ро фаро гирифта, «ҷанбаҳои гуногуни рӯзгору осори удабои тоҷик, амсоли Устод Айнӣ, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Мирзо Турсунзода, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Раҳим Ҷалил, Пӯлод Толис, Фазлиддин Муҳаммадиев, Ҷумъа Одина» ва дигарҳоро таҳлилу баррасӣ кардааст.

Нақши ӯро дар ҳимоят аз романи Ҷумъа Одина «Гузашти айём» муҳим медонанд, чун нависандаи маъруф барои ин асараш зери фишори ҳизби марказии коммунистии Тоҷикистон қарор гирифт ва даргузашт. Ӯ яке аз муҳаққиқони маъруфи осори Садриддин Айнӣ аст ва ахиран, вақте шаҳрдории Душанбе қарори хароб кардани бинои хона-музеи сардафтари адабиёти шӯравии тоҷикро содир кард, яке аз рӯшанфикроне буд, ки ин қарорро интиқод кард. Дар тасмими рӯзи 19-уми ноябри шаҳрдорӣ ин қарор бекор шудааст.

Муаллифи рисолаҳои «Адабиёт ва нақди адабӣ» (1993), «Назруллоҳи Бектош ва илму адаби тоҷикии солҳои 20-30 садаи 20» (2004), китоби «Достони об ё Обнома» ва ҳам тарҷумони чанд ҳикояи А.П.Чехов ва И.С.Тургенев мебошад.

XS
SM
MD
LG