Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба Эрдуғон харитаи "ҷаҳони турк"-ро бо шумули 20 минтақаи Русия додаанд


Анкара, 17-уми ноябри 2021
Анкара, 17-уми ноябри 2021

Раиси Ҳизби ҳаракати миллатгароёни Туркия Давлат Бахчелӣ рӯзи 17-уми ноябр ба президенти ин кишвар, Раҷаб Таййиб Эрдуғон, харитаи "ҷаҳони турк"-ро туҳфа кард, ки ба он ҳудуди 20 минтақаи Русия ва як қисми Чин дохил карда шудаанд.

Дар ин бора "Қафқоз.Воқеият" (тарҳи бахши қафқозии Радиои Озодӣ) хабар дод.

Бар асоси харита, ҷумҳуриҳои Қафқози Шимолӣ (Чеченистон, Ингушистон, Доғистон, Осетияи Шимолӣ — Алания, Қабардино-Балкар, Карачаево-Черкесия ва Адигея), Краснодар, як қисми вилояти Ростов, Поволже, Сибири Шарқӣ ва Ёқутистон ба "ҷаҳони турк" шомил мешаванд.

Дар харита дар баробари кишварҳои Осиёи Марказӣ (ба ҷуз аз Тоҷикистон) ҳудуди Балкан дар Аврупо ва минтақаи худмухтори Чин - Шинҷон низ ҷузъи "ҷаҳони турк" нишон дода шудаанд.

Ҳар ду сиёсатмадор то ҳол ин харитаро шарҳ надодаанд.

XS
SM
MD
LG